Август 09, 2016 13:44 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти режими саҳюнистӣ ба пардохти як миллиарду 200 миллион доллар ба Эрон

Режими саҳюнистӣ ба пардохти як миллиарду 200 миллион доллар ба Эрон маҳкум шуд.

Ба навиштаи рӯзномаи "Ҳооретс", додгоҳе дар Швейтсария дархости фарҷоми ширкати нафтии "Транс Осиётек"-и режими саҳюнистӣ алайҳи Ширкати миллии нафти Эронро рад ва эълом кард, ки ин ширкати режими саҳюнистӣ бояд як миллиарду 200 миллион доллар қарзаш ба Эронро, ки марбут ба парвандае дар даврони шоҳи барканоршудаи Эрон аст, пардохт кунад.

"Ҳооретс" дар идома навиштааст, ин парвандаи қазоӣ ҷадидтарин давр аз ҷидоли ҳуқуқӣ миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ дар тӯли 37 сол бар сари интиқоли нафт ва шарокат дар бозорёбӣ аст, ки ду тараф пеш аз вуқӯи Инқилоби исломӣ дар соли 1979 эҷод карда буданд.

Ҳукми пардохти ин қарз дар пайи як муноқишаи ҳуқуқии қадимӣ миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ бар сари даромадҳои ҳосил аз эҳдоси хати лӯлаи нафти муштарак содир шудааст, ки ба замони пеш аз Инқилоби исломӣ дар Эрон бозмегардад.

Ин сармоягузории муштарак миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ, ки дар даврони шоҳи (маъдум) Эрон дар соли 1968 оғоз шуд, дар воқеъ тарҳе барои фурӯши нафти Эрон ба Аврупо аз тариқи режим саҳюнистӣ буд.

Ин нафт аз Эрон ба бандари режими саҳюнистии "Элот" ва сипас аз тариқи хати лӯлаи транзити ин режим, ки ба тозагӣ эҳдос шуда буд, ба бандари Ишколун дар соҳили Медитарона мунтақил мешавад.

Пас аз Инқилоби исломӣ ва дар пайи табдил шудани Эрон аз як ҳампаймон ба душмани режими саҳюнистӣ, дороиҳои Эрон мусодира шуд ва ин режими ин хати лӯлаи муштаракро миллӣ эълом кард.

Бар асоси ин гузориш, Эрон се шикоятро  дар додгоҳҳои байналмилалии Швейтсария ва Фаронса матраҳ кард то битавонад саҳми худро аз даромадҳои ҳосил аз идомаи фаъолиятҳои ин хати лӯла, ки миллиардҳо доллар баровард мешавад ва ҳамчунин дороиҳои Эрон, ки миллӣ эълом шуда буданд, дарёфт кунад.

Барчасп