Июн 22, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти хабарии нуҳумин иҷлоси Маҷмаи умумии ИРТИ дар Машҳад

Нишасти хабарии нуҳумин иҷлоси Маҷмаи умумии Иттиҳоди радио ва телевизионҳои исломӣ (ИРТИ) дар шаҳри Машҳади муқаддас баргузор шуд.

Ин нишасти хабарӣ бо ҳузури Муҳсини Насрпур, мудири кулли Садо ва Симои Хуросони Разавӣ, Баҳманпур, муовини иҷроии дабири кулли иҷлосия ва Аштарӣ, масъули Кумитаи расонаву итилоърасонии иҷлосия дар маҳалли утоқи ҷаласоти дафтари мудири кулли Садо ва Симои Хуросони Разавӣ баргузор шуд.

Аммо худи иҷлосия бо ҳузури мудирону намояндагони шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, расонаҳои маҷозӣ ва муассисаҳои тавлидии исломӣ рӯзҳои 2 то 4-уми июли соли ҷорӣ дар Машҳад, пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом баргузор хоҳад шуд.

Луҳросби Баҳманпур, муовини иҷроии дабири кулли иҷлосия дар ин нишасти хабарӣ гуфт, шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, расонаҳои маҷозӣ ва муассисоти тавлиди барномаи кишварҳои исломӣ дар нуҳумин иҷлоси ИРТИ ҳузур хоҳанд дошт ва дар ҷашнвораи "Иттиҳод" ба унвони ҷашнвораи дохилии аъзои иттиҳодия ва ҳамчунин бозори филми исломӣ ба унвони Маркази арзаи маҳсулоти расонаии пок дар ҷаҳон ба муаррифии тавонмандиҳои дохилии расонаии ҷаҳони Ислом хоҳанд пардохт.

Ҳар сол дар ҷашнвораи "Иттиҳод" тавлидоти аъзо арза ва пас аз доварӣ аз осори барҷаста қадрдонӣ мешавад. Дар канори ҷашнвора намоишгоҳе аз таҷҳизоти тавсеаву фанноварии расонаии шабакаҳо низ ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Иттиҳоди радио ва телевизионҳои исломӣ ба ибтикори Ҷумҳурии исломии Эрон ва бо ҳадафи шикасти фазои таксадоии ҳоким бар расонаҳои байналмилалӣ таъсис шудааст. Дар Иттиҳоди радио ва телевизионҳои исломӣ 230 шабака аз 36 кишвари ҷаҳон шомил ҳастанд.

 

 Дар нишасти хабарии имрӯз Аштарӣ, масъули Кумитаи расонаву итилоърасонӣ гуфт, робитаи расона бо фарҳанги исору муқовимат аз ҷумлаи мавзӯоте аст, ки ин иттиҳодия дар нишастҳои худ саъй бар табйини он дорад.

Бар асоси ин гузориш то кунун 483 асари телевизионӣ ва 93 асари радиоӣ дар қолабҳои филм, мустанад, гузоришҳои хабарӣ ва барномаҳои таркибӣ бо мавзӯоте ҳамчун ҷаҳони Ислом, Ваҳдати исломӣ, истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизм, дифоъ аз миллатҳои мазлуму ҷабҳаи муқовимат ба дабирхонаи иҷлос расидааст ва алоқамандон ҳамчунон фурсат доранд осорашонро ба дабирхонаи иҷлос ирсол кунанд.

Аз ҷумлаи бахшҳои ин иҷлос барпоии ҳафтумин бозори филми исломӣ бо ҳузури муассисоти расонаӣ ва шабакаҳои телевизионии исломӣ аст, ки дар июли имсол дар ҳошияи нуҳумин иҷлоси Маҷмаъи умумии ИРТИ баргузор хоҳад шуд.

Ин бозор ба муаррифии тавлидоти синамоӣ ва телевизионӣ дар минтақаву ҷаҳон мепардозад ва дар садади муаррифӣ ва густариши ин тавлидот дар сатҳи байналмилалӣ аст ва бо даъват аз кишварҳои мухталиф саъй бар ин дорад то Иттиҳоди радио ва телевизионҳои исломиро ба беҳтарину муҳимтарин ном дар заминаи табодулоти филму фурӯши осори исломӣ табдил кунад.

Эрон, Ироқ, Афғонистон, Лубнон, Туркия, Кувайт, Сурия, Яман, Фаластин, Покистон, Озарбойҷон, Англия ва Ҳинд аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки дар ин бозор ширкат мекунанд.