Июн 27, 2017 17:25 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Эрон бо иқдомҳои Конгресси Амрико мухолифат мекунад

Раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз ниҳоӣ шудани тарҳи ин комиссия барои мухолифат бо иқдомҳои моҷароҷӯёна ва террористии Амрико хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Алоуддини Буруҷердӣ рӯзи сешанбе гуфт, тарҳи таҳияшуда дар Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ аксуламали намояндагони миллати Эрон дар қиболи иқдомҳои ахири Конгресси Амрико ва вазъи таҳримҳои ҷадиди зидди Теҳрон аст. Ӯ афзуд, ин тарҳ ба зудӣ ба ҳайати раёсати Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон тақдим хоҳад шуд.

Сенати Америко 15-уми июн дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ алайҳи Теҳрон тарҳи ҷомеи таҳримҳои зидди Эронро бо номи «Қонуни мухолифат бо иқдомоти суботзудои Эрон-2017» тасвиб кард, ки ин тарҳ шомили таҳримҳои мушакӣ, таҳримҳои муртабит ба терроризм ва иҷрои таҳрими таслиҳотӣ аст.

 

Барчасп