Июн 28, 2017 09:32 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба ҳукми зиддимуҳоҷиратии Девони олии Амрико

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ҳукм зиддимуҳоҷиратии ахири Девони олии Амрико гуфт, Вашингтон ба далоили кӯтаҳбинонаи тиҷорӣ чашми худро бар сабабгорони аслии иқдомоти террористӣ дар Амрико бастааст.

Баҳроми Қосимӣ бомдоди чаҳоршанбе афзуд, тасмими Девони олии Амрико нишондиҳандаи бархурди табъизомези Вашингтон бо мусалмонон ва нигоҳи ғайримунсифона ба онон аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, дар ҳоле ки аксарияти қариб ба иттифоқи мусалмонони муқими Амрико ва мусалмононе, ки ба он кишвар сафар мекунанд, аз ҷумла эрониён, ба гувоҳи таърих, фарҳанг ва тамаддуни худ қонунмадор, мусолиматҷӯ ва гурезон аз ифрот ва хушунат буда ва ҳастанд, нигоҳи ҳокимони Амрико ба онон ҳамвора бо бадбинӣ, тавҳин ва таҳқир ҳамроҳ будааст.

 Девони олии Амрико рӯзи душанбе ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар иҷоза дод бахшҳое аз фармони зиддимуҳоҷиратиашро иҷро кунад, ки ҳадафи он маҳдуд кардани сафари атбои шаш кишвари мусалмонии Эрон, Сурия, Яман, Сомалӣ, Либия ва Судон ба хоки Амрико аст.

Трамп дар моҳҳои январ ва марти 2017 бо иддаои мубориза бо терроризм, фармонҳои зиддимуҳоҷиратӣ дар бораи мамнуияти вуруди атбои ин шаш кишвари исломиро ба хоки Амрико содир кард, ки ин фармонҳо то кунун бо мухолифати қозиҳои амрикоӣ дар иёлатҳои мухталиф, ба таъхир афтода буд.

 

Барчасп