Июл 01, 2017 17:21 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милал: Эрон кишваре роҳбар дар заминаи муқобила бо гарду ғубор аст

Намояндаи муқими Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон, Ҷумҳурии Исломии Эронро кишваре роҳбар дар заминаи муқобила бо гарду ғубор донист ва тасреҳ кард, Эрон иқдомоти зиёде барои муқобила бо ин падида анҷом додааст.

      Ба гузориши ИРНА, Гэри Луюис рӯзи шанбе дар остонаи баргузории “Конфронси байналмилалии муқобила бо гарду ғубор”, дар нишасти хабарӣ бо баёни ин, ки тӯфонҳои гарду ғубор саросари кураи заминро таҳти таъсир қарор додааст, хотирнишон кард, аз саросари ҷаҳон барои ширкат дар ин ҳамоиш ба Эрон хоҳанд омад.

    Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Эрон, устонҳои Теҳрон, Илом (ғарби Эрон), Систон ва Балучистон (ҷанубу шарқи Эрон), Кирмоншоҳ (ғарб  Эрон) ва Хузистон (ҷанубу ғарби Эрон), Эронро даргири муъзали гарду ғубор донист ва тасреҳ кард, ин падида бар иқтисод, энержӣ ва ҳамлу нақл таъсир мегузорад.

    Гэри Луюис бо ишора ба ин, ки соли гузашта, чаҳор қатънома барои муқобила бо гарду ғубор дар Маҷмааи умумии Созмони милал тасвиб шуд, хотирнишон кард, нақши Эрон дар тасвиби тамоми ин қатъномаҳо бисёр чашмгир будааст.

    Дар ин конфронси байналмилалӣ, ки сеюм то панҷуми июл дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд, то кунун 31 кишвар, ду муовини дабири кулли Созмони милал ва 9 созмони байналмилалӣ барои ҳузур дар он, эъломи омодагӣ кардаанд. Намояндагони кишварҳо дар бораи манашаи табиӣ ва инсонии гарду вғубор, гуфтугӯ ва як баёния ба номи Теҳрон, ки зарфиятҳо ва роҳи ҳалҳои муқобила бо гарду ғубор дар он дарҷ хоҳад шуд, содир мекунанд.

 

 

 

Барчасп