Июл 02, 2017 13:17 Asia/Dushanbe
  • Оғози нуҳумин нишасти радио ва телевизионҳои кишварҳои исломӣ дар Машҳад (акс)

Нуҳумин Иҷлоси иттиҳодияи радио телевизионҳои исломӣ, имрӯз (якшанбе) дар толори Сабои Садо ва симои устони Хуросони Разавӣ дар шаҳри Машҳад расман оғоз шуд.

      Ба гузориши хабарнигори радио тоҷикии Садои Хуросон, дар ин иҷлос, ки бо шиори «Машҳад-ур-Ризо (а) хостагоҳи ваҳдат ва тамаддуни исломӣ» баргузор шудааст, 600 меҳмони дохилӣ ва хориҷӣ ва 230 шабака аз 36 кишвари исломӣ ҳузур доранд.

   Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти милли Эрон дар маросими ифтитоҳия ин иҷлос гуфт, имрӯз расона чӣ аз назар коркард ва чӣ аз назари таъсир ва нуфуз, дигаргун шудааст ва ҳамаи расонаҳои ҷаҳони Ислом бояд дар пай ин муҳим бошанд, ки чигуна метавонанд авқоти фароғати мухотабонро пур кунанд.

   Вай мавзуи Фаластинро бисёр пураҳамият донист ва таъкид кард, бояд мазлумияти мусулмонон фаластинӣ дар расонаҳои ҷаҳони Ислом барҷаста бошад.

   Алиризо Рашидиён, устондори Хуросони Разавӣ ҳам дар суханоне ба ҷойгоҳи вижаи Хуросони бузург ва куҳан ва зарфияти Машҳад-ур-Ризо ба унвони конуни нашри маорифи исломӣ ишора кард ва гуфт, Машҳад ба унвони бузургтарин калоншаҳри мазҳабии ҷаҳони Ислом қодир аст, дар ҳалли мушкилоти уммати исломӣ ва дар тарҳи тамаддуни навини исломӣ нақшофарин бошад.

   Вай таҳаввулоти минтақа ва ҷанги нарми душманони исломро ёдовар шуд ва бар таъсири расонаҳои ҷаҳони Ислом дар хунсо кардани ҷараёноти фикрии инҳирофӣ таъкид кард.

   Ҳуҷҷатулислом Алӣ Каримиён, дабири кулли Иттиҳодияи радио телевизионҳои исломӣ ҳам дар ин маросим гуфт, дар авзои пурошӯби минтақа, иттиҳоди расонаҳои исломӣ бисёр муҳим аст.

    Вай афзуд, расонаҳои бегона саъй доранд режими саҳюнистиро мазлум ва Эронро конуни терроризм ҷилва диҳанд, ки таҳарруки расонаҳои исломӣ барои хунсо кардани ин фиреб, аҳамият дорад.

   Нуҳумин нишасти радио ва телевизионҳои кишварҳои исломӣ бо ҳадаф  муаррифи тавонмандиҳои шаҳри Машҳад ба ҷаҳони Ислом, дар ин шаҳр баргузор мешавад.

    Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии вобаста ба Созмони ҳамкории исломӣ (ISESCO) бо узвияти 57 кишвари исломӣ, шаҳри Машҳадро барои соли 2017 ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар Осиё интихоб кард.