Гуфтумони воҳиди расонаӣ, зарурати имрӯзи минтақа ва арсаи байналмилал
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i19436-Гуфтумони_воҳиди_расонаӣ_зарурати_имрӯзи_минтақа_ва_арсаи_байналмилал
Муовини бурунмарзии садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ ташаккулест, ки метавонад дар эҷоди гуфтумони расонаӣ ва тақвияти боварҳои исломи воқеӣ бисёр муассир бошад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 02, 2017 11:14 Asia/Dushanbe

Муовини бурунмарзии садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ ташаккулест, ки метавонад дар эҷоди гуфтумони расонаӣ ва тақвияти боварҳои исломи воқеӣ бисёр муассир бошад.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, доктор Паймони Ҷабалӣ, дар ҳошияи маросими ифтитоҳияи нуҳумин Иҷлоси Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ, ки дар шаҳри Машҳад дар ҳоли баргузорӣ аст, афзуд: Дар таҳаввулоти асри ҷадид дар минтақа ва паҳнаи байналмилал, таблиғот асли муҳиме аст, ки қодир аст, таҳаввулотро ба вуҷуд оварад ва ё ба он ҷиҳат диҳад.

Ҷабалӣ, ҳамгароӣ ва инсиҷоми байни расонаҳои ҷибҳаи муқовимат ва расонаҳои ҳамсӯ ва мустақилро зарурате инкорнопазир донист.

Вай таъкид кард, ҳамгароии расонаҳо муҷиби шаклгирии гуфтумони воҳиди расонаӣ дар ҷаҳони ислом хоҳад шуд ва ин муҳим, бо баргузории чунин иҷлосҳое таҳаққуқ меёбад.

Дар иҷлоси Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ, ки бо шиори “Машҳадулризо (а) хостгоҳи ваҳдат ва тамаддуни исломӣ” дар ҳоли баргузорӣ аст, 600 меҳмони дохилӣ ва хориҷӣ ва 230 шабака аз 36 кишвари исломиӣ ҳузур доранд.