Раиси пешини Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ (р) даргузашт
Июл 03, 2017 15:43 Asia/Dushanbe
Раиси асбақи Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ (р) ва аз ёрони имом Хумайнӣ (р) асри рӯзи якшанбе дори фониро видоъ гуфт.
Ба иттилои хабаргузории садо ва симои Эрон, Саидризо Найерӣ, аз муборизони инқилоби исломӣ ва аъзои қадимии Ҳизби муъталифаи исломӣ буд .
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар паёме даргузашти Найериро таслият гуфтанд .
Саидризо Найерӣ, рӯзи ҳаштуми обони 1314 ҳиҷрии хуршедии -31 октябри 1935 ба дунё омад ва аз оғози наҳзати имом Хумайнӣ дар соли 1342 (1963) ба фаъолиятҳои инқилобӣ машғул шуд .
Пас аз инқилоб, Найерӣ ва иддае дигар аз ёрони имом Хумайнӣ (р) кумитаи имдодро барои ёрӣ расондан ба маҳрумон таъсис карданд .