Муовини бурунмарзии садо ва симои Эрон: 3 шабакаи ҷадид роҳандозӣ мешавад
Муовини бурунмарзии созмони садо ва симои Эрон аз роҳандозии се шабакаи ҷадиди бурунмарзӣ ба забонҳои Ҳоса, фаронсавӣ ва русӣ дар ояндаи наздик хабар дод.
Паймони Ҷабалӣ, муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки ин муовинат дар ояндаи наздик шабакаи Ҳосаро, ки мухотабони бисёре дар Африқо ва манотиқи мухталифи ҷаҳон хоҳад дошт, роҳандозӣ хоҳад кард, гуфт: Канали телевизионии забонҳои озарӣ, курдӣ, Балкан низ бо зернависи соири забонҳо ва канали тасвирии забони дарӣ низ ба зудӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд .
Ҷабалӣ афзуд: Хабаргузории байналмилалии тасвирӣ низ ба номи «Эрон пресс» бо ҳадафи интиқоли хабарҳои мактуб ва тасовири хабарӣ ба мухотабони бурунмарзӣ ба зудӣ роҳандозӣ мешавад .
Муовини бурунмарзии Созмони садо ва Симои Эрон бо баёни инки шабакаҳои бурунмарзии расонаи миллӣ бо ғулҳои худхондаи расонаҳои ҷаҳонӣ рақобат мекунанд, изҳор кард: Ин шабакаҳо бо таваҷҷуҳ ба маҳдудиятҳое, ки ниҳодҳои ҳокимиятӣ ва байналмилалӣ эҷод мекунанд, аммо бо иқтидор дар минтақа ва ҷаҳон рисолати муқаддаси ҷумҳурии исломии Эронро пайгирӣ мекунанд ва мухотабони ҷаҳонӣ низ ҷазб кардаанд .
Ҷабалӣ тасреҳ кард: Муқобила бо эронҳаросӣ, исломҳаросӣ, тарвиҷи шеваи зиндагии эронӣ-исломӣ, интиқоли фарҳанги ғании эронӣ ва расондани паёми инқилоби исломӣ аз муҳимтарин аҳдофи таъиншуда дар шабакаҳои бурунмарзии садо ва симои Эрон аст.
Ҷабалӣ бо баёни инки авлавияти кории муовинати бурунмарзии садо ва симои Эрон, интиқоли ахбор ба мухотабон дар хориҷ аз марзҳои кишвар аст, гуфт: Шабакаҳои бурунмарзии садо а симои Эрон мустанадҳое ба вижа дар сарзамини ишғолӣ, Сурия ва Ироқ дар дасти таҳия доранд .
Муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои Эрон ҳамчунин муҳимтарин ҳадафи шабакаҳои бурунмарзии расонаи миллиро ҳузури фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ унвон кард .