Июл 05, 2017 16:37 Asia/Dushanbe
  • Даромади ҳашт миллиард долларии Эрон дар бахши гардишгарии хориҷӣ

Мудиромил ва узви ҳайъатмудираи ҳотелҳои эронгардӣ ва ҷаҳонгардии Эрон гуфт: Созмони ҷаҳонии ҷаҳонгардӣ, даромади Эронро дар соли 2016 дар бахши гардишгарӣ ҳудуди ҳашт миллиард доллар эълом кардааст.

Ба гузориши Ирно, Меҳрдоди Тавтлӣ, мудиромил ва узви ҳаъйатмудираи ҳотелҳои эронгардӣ ва ҷаҳонгардии Эрон дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Эрон дар бахши гардишгарӣ дорои зарфиятҳои бисёр хубе буда ва соли гузашта дар маҷмуъ беш аз 800 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз ҷозибаҳои Эрон боздид карданд .

Тавтлӣ тасреҳ кард: Эрон аз лиҳози ҷозибаҳои торихӣ ва табиӣ ҷузъи 10 кишвари бартари ҷаҳон ва аз лиҳози танаввуи гунаҳои гиёҳӣ ва ҷонварии камёб ҷузъи панҷ кишвари аввал дар сатҳи ҷаҳон қарор дорад .

Мудиромили ҳотелҳои эронгардӣ ва ҷаҳонгардии Эрон ҳамчунин гуфт: Ширкат дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои шиносоии ҷозибаҳои гардишгарии Эрон, барпоии турҳои арзонқиммат ва иртиқои кайфияти хадамот ба гардишгарон аз ҷумлаи барномаҳои хуб барои ҷазби бештари гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ аст .

Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар соли 2017, Эронро ба унвони босарфатарин мақсади гардишгарӣ дар ҷаҳон барои гардишгарони хориҷӣ муаррифӣ кардааст .

 

Барчасп