Июл 06, 2017 19:52 Asia/Dushanbe
  • Эрон бо Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамгурӯҳ шуд

Бо анҷоми қуръакашии марҳалаи муқаддамотии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё - соли 2018, рақибони тими миллии Эрон мушаххас шуданд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ва ба нақл аз сойти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), қуръакашии марҳалаи муқаддамотии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои футсоли Осиё имрӯз (панҷшанбе) дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд, ки тибқи он, тими миллии Эрон дар гурӯҳи дуввуми минтақа, марказ ва ҷануби қораи куҳан, ки се тим дорад бо тимҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамгурӯҳ шуд.

Қуръакашии суратгирифта, ки тимҳои футсоли қораи куҳанро бар асоси мавқеияти ҷуғрофиёиашон дар чаҳор минтақаи Шарқ, Уқёнусия, Марказӣ, Ҷануб ва ҳамчунин ғарби Осиё тақсим карда, бар асоси сатҳбандии ин тим бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳҳояшон дар мусобиқоти қаҳрамонии 2016 Узбакистон, дар соли 2016 сурат гирифтааст.

Бозиҳои марҳалаи муқаддамотии Ҷоми миллатҳои футсоли Осиё дар минтақаи Марказӣ ва ҷануб, ки Эрон ҳам дар он қарор дорад, аз таърихи 13 октябр то 22 октябри соли равон баргузор мешавад.

Марҳалаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои футсоли Осиё аз таърихи шашуми феврали то 18 феврал соли 2018 бо ҳузури 16 тим баргузор мешавад.