Июл 08, 2017 11:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти қотеи Эрон аз Паймони манъи силоҳҳои ҳастаӣ

Намояндаи доимии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо баёни ин ки Эрон яке аз қурбониёни силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст, бар ҳимояти комилу қотеи ин кишвар аз Паймони манъи силоҳҳои ҳастаӣ таъкид кард.

Намояндагони 122 кишвари мухолифи силоҳҳои ҳастаӣ, аз ҷумла Эрон рӯзи ҷумъа дар толори конфронси шумораи яки мақарри Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк, матни паймоне дар бораи манъи комили сохт, озмоиш, тавлид, хариду фурӯш, нигоҳдорӣ, анбошт ва ҷамъоварӣ, интиқол, истифода ва таҳдид ба истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳти ҳар шароитеро ба тасвиб расониданд.

Режими саҳюнистӣ ва тамоми кишварҳои муҷаҳҳаз ба силоҳҳои ҳастаӣ, аз ҷумла Амрико ин раъйгириро таҳрим карданд.

Ризо Наҷафӣ, намояндаи Эрон дар Созмони милал пас аз тасвиби ин паймон гуфт, Эрон бо қудрат аз ҳадафи ин муоҳида дар мамнӯъ кардани моликияту истифода ё таҳдид ба истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон ҳимоят мекунад.

Намояндаи доимии Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба фатвои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи ҳаром будани силоҳҳои куштори ҷамъӣ ишора ва аз иқдоми ин конфронс дар ишора ба нақши раҳбарони мазҳабӣ дар талош барои маҳви комили силоҳҳои ҳастаӣ таҷлил кард.

Ризо Наҷафӣ бо ёдоварии хатари силоҳҳои ҳастаии режими саҳюнистӣ дар минтақаи ҳассоси Ховари миёна гуфт, пешниҳоди Эрон дар эҷоди минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ яке аз намунаҳои талоши ин кишвар барои рафъи хатари ин силоҳҳо аз минтақа аст.

 

Барчасп