Манъи қойиқи саудӣ аз сӯйи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
(last modified Sat, 08 Jul 2017 07:10:54 GMT )
Июл 08, 2017 12:10 Asia/Dushanbe
  • Манъи қойиқи саудӣ аз сӯйи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ

Мудири кулли умури марзии Вазорати кишвари Эрон рӯзи ҷумъа аз тавқиф ё манъи як қойиқи арабистонӣ аз сӯйи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар 4 милии ғарби Ҷазираи форсӣ дар халиҷи Форс ба далели таҷовузи марзӣ хабар дод.

Маҷиди Оқобобоӣ гуфт, ин қойиқи арабистонӣ бо 4 коргари ҳиндӣ панҷшанбешаб дар 4 милии ғарби Ҷазираи форсӣ ба далели таҷовузи марзӣ аз сӯйи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон манъ ва  барои тай кардани мароҳили қонунӣ таҳвили фармондеҳии дарёбонии Эрон шуд.

Оқобобоӣ гуфт, чаҳор хадамаи ин қойиқи саудӣ дастгир шудаанду таҳқиқот аз онҳо идома дорад.

Бархӯрди қонунии Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо қойиқи мутаҷовизи саудӣ дар ҳоле аст, ки ахиран маъмурони соҳилии Арабистон дар иқдоме ғайриинсонӣ ва хилофи урфи байналмилал ба ду қойиқи сайёдони эронӣ, ки бар асари амвоҷи дарё аз масири худ хориҷ шуда буданд, шиллик карданд, ки дар ин тирандозӣ як сайёди эронӣ ҷон бохт.

Мудири кулли умури марзии Вазорати кишвари Эрон таъкид кард, нерӯҳои низомӣ ва интизомии Эрон ҳифозат аз марзҳои обии ин кишварро як асл дониставу зимни эҳтиром ба ҳамсоягон дар ҳавзаи халиҷи Форс, иҷозаи таҷовуз ба обҳои Ҷумҳурии исломии Эронро ба ҳеч кас намедиҳанд ва бар асоси протоколҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқии дарёҳо бо таҷовузгарон бархӯрд хоҳанд кард.