Июл 09, 2017 14:59 Asia/Dushanbe
  • Қочоқи маводи мухаддир аз Аврупо ба Эрон

Масъулони умури гумрукии Эрон аз эътирози расмии Теҳрон ба Иттиҳоди Аврупо ба далели мавҷи густурдаи қочоқи мухаддир ба Эрон хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, Неъматуллоҳи Мумвандӣ, сарпарасти муованати мубориза бо маводи мухаддири гумруки Эрон бо баёни ин ки дар семоҳаи гузашта ирсоли моддаи мухаддири мавсум ба «гул» ба Эрон афзоиши қобили мулоҳизае ёфтааст, афзуд, Англия, Нидерландия ва Испания марзҳои худро барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир контрол намекунанд, ба ҳамин далел Эрон маротиби эътирози худро ба Иттиҳоди Аврупо эълом кардааст. Оморҳо дар ин замина нишон медиҳад, дар соли 2016 аз ҳудуди 204 бастае, ки тавассути почта ба Эрон ирсол шуданд, маводи мухаддири «гул» дарёфт шуда, ки мизони қобили таваҷҷуҳест.

Эрон ба унвони хати муқаддами мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон то кунун беш аз 3 500 шаҳид дар ин роҳ тақдим кардааст. Ин ҳама талошу ҷонфишонӣ барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз марзҳои Эрон будааст, дар ҳоле ки яке аз ҳадафҳои қочоқчиён расонидани ин мавод ба Аврупо аст. Аммо акнун ин ҷараёни маргбор ҷавонони Эронро ҳадаф гирифта, изҳори нигаронии масъулони умури маводи мухаддири гумруки Эрон занги хатари дигареро ба садо даровардааст. Аммо решаи ин падидаи навзҳур куҷост ва ин таҳдид аз куҷо маншаъ гирифтааст?

Баррасиҳои пажуҳишӣ нишон медиҳанд, аввалин бор дар солҳои 1970-1980 Амрико, Англия ва режими саҳюнистӣ рӯйи маводи кимиёие кор карданд, ки умуман, бо ҳадафи низомӣ тавлид мешуданд. Ин мавод, дар воқеъ, формулаҳои ҷадиде буданд, ки хусусияти равонгардон (психоделический) доштанд ва дар озмоишҳои контроли фикр бо ҳадафи касби иттилоот ва эътрофоти ҷосусон мавриди истифода қарор мегирифтанд. Ин таркибот хусусияте шабеҳи ҳашиш ва марихуана доштанд, вале бо ин тафовут, ки ин мавод метавонистанд чандин баробари ҳашиш ва марихуана таъсир дошта бошанд. Солҳо баъд гиёҳи шоҳдона, ки «кӯши афғон» ҳам гуфта мешавад, аз Афғонистон ба Амрико бурда шуд ва ин шурӯи пайдоиши моддаи мухаддири «гул» буд.

Доктор Муҳаммадризо Яздонниёз, пажӯҳишгар ва мутахассиси тарки муътодӣ мегӯяд: "Бо истифода аз "кӯши афғон" марихуанаи ҷадиде кишт шуд, ки хосияти мутафовит аз марихунаи суннатӣ дошт ва он «марихуанаи тиббӣ» гуфта мешуд. Гиёҳи ҷадиде, ки бо тағйироти генетикӣ тавлид шуд, дуҷинсиятӣ буд ва бар хилофи марихуанаи табиӣ, ки гулҳои кам дорад, бисёр пургул аст. Дар ин гулҳо 7 баробар бештар аз марихуана моддаи мухаддир вуҷуд дорад, ба ҳадде  ки агар аз канори он убур кунед, ё шаб болои сартон бошад, дучори тарсу воҳима мешавед».

Ношинохта будани асароти истифода аз "гул" дар муддати тӯлонӣ дар канори камбуди таҳқиқоти ҷаҳонӣ боис шудааст, ки эътиёд ба "гул" ҷузъи эътиёдҳои бидуни дармон шинохта шавад. Ин раҳоварди маргбор ин бор на аз Афғонистон, балки аз Аврупо ба Эрон ворид шуд. Эрон солҳост, ки бо талошҳои худ дар муборизаи сахт бо маводи мухаддир ва ба унвони сангари нахусти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо маншаи тавлид дар Афғонистон ҳазинаи сулҳу амнияти ҷаҳониро пардохт мекунад. Аммо акнун ҳамон кишварҳое, ки аз ин муборизаи пурмасрафи Эрон бо қочоқи маводи мухаддир нафъ мебардоранд ва Эронро ба хотири эъмоли муҷозотҳои сангин барои савдогарони марг (қочоқчиёни маводи мухаддир) ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам мекунанд, имрӯз ҳатто контроли марзҳои худро дареғ медоранд, ки натиҷи ин амали онҳо ба табоҳӣ кашонда шудани ҷавонон ба унвони сармояи ояндаи Эрон аст. Агар дар хушбинонатарин таҳлил ин масъаларо ношӣ аз таъхир дар кишварҳои аврупоӣ дар амал ба вазифа бидонем,  на иқдоми ҳадафманд дар ростои тазъифи ҷомеаи Эрон аз дарун, дар ин сурат, боз ҳам масъала дар сатҳи як таҳдиди ҷиддӣ аст ва бояд дид, ки ин кишварҳо то чӣ андоза ба эътирози Эрон таваҷҷуҳ нишон хоҳанд дод.