Узви Ҳамос : Ҷаҳон дар баробари Натанёҳу истод
-
Иззат ал-Ришрқ , яке аз раҳбарони Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос )
Порстудей-Иззат ал-Ришрқ , яке аз раҳбарони Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ), изҳороти Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ дар саҳни Созмони Милалро ҷунун хонд ва эълом кард, ки ҷаҳон дар баробари ӯ истодааст.
Иззат ал-Ришқ-узви ҷунбиши Ҳамос бо ташбеҳи Натанёҳу ба Фиръавн гуфт : Натанёҳу бозхост кард ва фаро хонд , аммо касе ҳозир нашуд ; тамоми ҷаҳон ақибнишинӣ кард ва танҳо гуруҳе аз тамаъкорон боқӣ монданд, ки барои тайиди наслкушӣ бо ташвиқ ба толори Созмони Милал ворид шуданд . Вай бо ишора ба холӣ шудани саҳни СММ ҳангоми суханронии Натанёҳу , афзуд, ки тӯфони ал-Ақсо огоҳии ҷамъии бесобиқаеро эҷод карда, ки имрӯз дар ҳамфикрии ҷаҳонӣ бар таҳқири Натанёҳу маҳкумияти суханонаш пеш аз баёни он , таҷаллӣ ёфта аст. Ал-Ришқ гуфт : Ҳеҷ инсоне пеш аз онки сиёсатмадори масъӯл бошад , ҳозир нест худро бо ҷинояти режими саҳюнистии алайҳи мардуми Фаластин дар навори Ғазза муртабит созад, ҳатто агар ин иртибот сирфан гуш додан ба суханронӣ бошад.