Паёми ҳушдоромези раиси ҷумҳӯри Миср дар сояи таниш бо Тел-Авив
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122132-Паёми_ҳушдоромези_раиси_ҷумҳӯри_Миср_дар_сояи_таниш_бо_Тел_Авив
Порстудей - Дар сояи идомаи танишҳо миёни Қоҳираву режими саҳюнистӣ , раиси ҷумҳӯри Миср як паёми ҳушдоромез мухобира кард.
(last modified 2025-09-27T07:40:40+00:00 )
Сентябр 27, 2025 12:36 Asia/Dushanbe
  • Абдулфаттоҳ Ассисӣ , раиси ҷумҳӯри Миср
    Абдулфаттоҳ Ассисӣ , раиси ҷумҳӯри Миср

Порстудей - Дар сояи идомаи танишҳо миёни Қоҳираву режими саҳюнистӣ , раиси ҷумҳӯри Миср як паёми ҳушдоромез мухобира кард.

Абдулфаттоҳ Ассисӣ , раиси ҷумҳӯри Миср дар ҷараёни боздид аз донишкадаи низомии ин кишвар таъкид кард, ки ҳеҷ касе наметавонад алайҳи Миср даст ба таҷовуз бизанад. Вай тасреҳ кард, ки огоҳии мардуми Миср дар қиболи таҳаввулоти кунунӣ дар минтақа бисёр муҳим аст , чаро ки минтақа дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи ҳассосе ба сар мебарад ва ҳар иқдоме бояд бо фикру барномарезӣ анҷом шавад. Пештар низ Усома Абдухалил , намояндаи Миср дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал таъкид кард, ки ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза , тавофуқномаи сулҳ бо Мисрро, ки таи панҷ даҳаи гузашта побарҷо монда , таҳдид мекунад . Абдухалил тасреҳ кард ки қасду нияти режими саҳюнистӣ дигар бар касе пӯшида нест ва Тел-Авив ба дунболи тағйири маҳали зиндагии фаластиниҳо дар навори Ғазза аст.