Июл 14, 2017 16:33 Asia/Dushanbe
  • Имоми ҷумъаи Теҳрон: Ҳимоят аз хунрезони ҷаҳон моҳияти аслии Амрикост

Хатиби намози ҷумъа гуфт, Амрико ҳар рӯз бар ҷинояти худ меафзояд ва ҳимоят аз хунрезону қотилони ҷаҳон барои ин кишвар оддӣ шудааст.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон ба озодсозии шаҳри Мусил тавассути артишу нерӯҳои мардуми Ироқ ишора карда афзуд, паёми озодсозии Мусил ин аст, ки агар мардум дар баробари ситамгарон муқовимат кунанд, Худованд онҳоро ёрӣ мекунад. Муваҳҳиди Кирмонӣ бо ишора ба ҳузури даҳҳо ҳазор террорист аз 86 кишвари ҷаҳон дар байни террористҳои ДИИШ дар Ироқу Сурия тасреҳ кард, ҳимояти террористҳо, аз ҷумла режими саҳюнистӣ моҳияти аслии Амрико аст. Ӯ ҳамчунин ба иқтидори низомӣ ва дифоии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ишора карда гуфт, мақомоти амрикоӣ ба иқтидори низомии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, чун таҷҳизоти пешрафтаи дифоӣ ва ҳамлаи мушакии Сипоҳ ба мавозеи гурӯҳҳои террористии ДИИШ дар Сурия эътироф кардаанд ва қудрати низомии Эронро яке аз чолишҳои кишваршон донистаанд. Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ ҳамчунин ба иқдомоти зиддиэронии Вашингтон дар эъмоли фишорҳои иқтисодӣ ишора карда афзуд, мардуми Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта бо муқовимат ҳама фишорҳоро таҳаммул ва аз низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят кардаанд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар хусуси иллати беэътимодии кишварҳои ҷаҳон ба Амрико гуфт, натиҷаи эътимоди кишварҳо ба Амрико, аз ҷумла дар Миср хиёнат буд, зеро Вашингтон ҳеҷ дастоварде барои миллатҳо намегузорад.