Июл 15, 2017 15:11 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии дабири кулли Созмони милал аз пойбандии Эрон ба Барҷом

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид ба муносибати дувумин солгарди иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом), Ҷумҳурии Исломии Эронро ба хотири пойбандӣ ба Барҷом таҳсин кард.

Ба гузориши торнамои расмии Созмони милали муттаҳид, Антонио Гутерреш, дабири кулли ин созмон дар баёнияе Эронро ба хотири пойбандӣ ба Барҷом таҳсин кард ва онро дастоварди бузурге донист, ки навид медиҳад печидатарин умур дар ин ҳавзаро метавон аз роҳи гуфтугӯ, тафоҳум ва ҳамкорӣ ҳаллу фасл кард.

Антонио Гутерреш бо истиқбол аз таъкиди дубораи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва кишварҳои ҳозир дар Барҷом ба иҷрои комил ва коромад дар нишасти 25-уми апрел гуфт, тааҳҳуди пойдори онҳо барои ҳаёти дарозмуддат ва муваффақияти иҷрои Барҷом зарурӣ аст.

Антонио Гутерреш ҳамчунин аз тамоми кишварҳои узви СММ хост ба ҳимоят аз иҷрои Барҷом бар асоси қатъномаи 2231 (сол 2015) ва дигар тасмимоти муртабити Шӯрои амният идома диҳанд.

14 –уми июли соли 2015 тавофуқи ҳастаӣ миёни намояндагони Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Амрико, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон) дар натиҷаи гуфтугӯҳои сахт ва фишурда имзо шуд.

Тавофуқи ҳастаӣ ё ҳамон Барҷом сипас 20-уми июли 2015 дар қолаби қатъномаи 2231 ба тасвиби Шӯрои амнияти СММ расид то моҳияти ҷаҳонӣ пайдо кунад.

Барҷом аз 16-уми январи соли 2016 ба иҷро даромадааст.

 

Барчасп