Июл 16, 2017 19:56 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Минтақа ба эътилофсозӣ алайҳи кишваре ниёз надорад

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Сулҳу субот дар минтақа ниёзманди ҳамкории ҳамаи кишварҳо аст ва ниёзе ба эътилофсозӣ алайҳи кишваре нест.

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон зимни ҳифзи истиқлол ва эҷоди заминаҳои лозим барои тавсеа ва иртиқои ҷойгоҳи худ, нигоҳи мусбате ба минтақа дорад, ки ба амният ва сулҳу субот кумак кунад .

Қосимӣ тасреҳ кард: Равобити хуби Эрон бо Туркия ё ҷумҳурии Озарбойҷон алайҳи кишваре нест ва ихтилофи назар ва сӯитафоҳум бо тағйири рафторҳо, ҳал мешавад .

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар хусуси амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия ҳам гуфт: Эрон, Русия ва Туркия бар асоси манофеи муштарак ва маслиҳати кулли минтақа, ройзанӣ ва машваратҳое доранд ва иқдомҳои муштараке анҷом медиҳанд .

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи сафари ахири Юсуф ибни Алавӣ, вазири хориҷаи Уммон ба Теҳрон тасреҳ кард: Сафари вазири хориҷаи Уммон ба Эрон дар чорчуби ройзаниҳои мустамари ду кишвар буд ва дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа ва роҳҳои бурунрафт аз буҳрони Ховари Миёна музокира шуд .

Юсуф ибни Алавӣ, вазири хориҷаи Уммон, 12 июли ҷорӣ дар сафар ба Теҳрон бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷа ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дидор ва дар бораи масоили дуҷониба ва минтақаӣ гуфтугӯ кард .

 

Барчасп