Июл 17, 2017 11:31 Asia/Dushanbe
  • Покистон дар марзҳояш бо Эрон ва Афғонистон девор мекашад

Сухангӯи артиши Покистон асри рӯзи якшанбе дар конфронси матбуотӣ эълом кард, ин кишвар дар ҳоли ҳисоркашӣ дар марзҳои муштараки худ бо Эрон ва Афғонистон аст.

  Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин изҳороти сарлашкар Осиф Ғафур, сухангӯи артиши Покистон дар бораи ҳисоркашӣ дар марзҳои Эрон, як рӯз пас аз он матраҳ шуд, ки бори дигар гурӯҳе аз террористҳо бо шиллик гулӯла аз хоки Покистон ба самти Эрон, ду коргари эрониро ба шаҳодат расонданд.

  Қароргоҳи Қудси неруи заминии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон мустақар дар устони Систон ва Балучистон (ҷанубу шарқи Эрон ва ҳаммарз бо Покистон) эълом кард, асри рӯзи шанбе як гурӯҳи террористии вобаста ба сервисҳои ҷосусии бегона аз дохили хоки ‍Покистон ба самти марзҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи Саровон, шиллик карданд.

   Бар асоси ин гузориш, иқдоми террористҳо бо аксуламали мутақобили нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мувоҷиҳ ва мунҷар ба ҳалокати як нафар аз террористҳо ва захмӣ шудани ду нафари дигар ва фирорӣ шудани мобақии террористҳо ба умқи хоки Покистон шуд.

   Ашрори мусаллаҳ дар чанд соли ахир бо иҷрои амалиёти террористӣ аз дохили хоки Покистон, теъдоде аз шаҳрвандон ва марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эронро дар манотиқи марзии устони Систон ва Балучистон ба шаҳодат расондаанд.

   Пеш аз ин Покистон фақат дар бораи ҳисоркашӣ дар марзи Афғонистон сухан гуфта буд, аммо ин тақрибан нахустин бор аст, ки Покистон аз ҳисоркашии марзҳояш бо Эрон сухан мегӯяд.

   Афғонистон эълом кардааст, ки мувофиқи иқдоми Покистон барои ҳисоркашӣ дар марзҳои ду кишвар нест ва ин кор боис хоҳад шуд, фосила байни миллатҳои ду кишвар эҷод шавад.

 

Барчасп