Рӯҳонӣ: Амрико наметавонад мураввиҷи ҳуқуқи башар ва субот дар ҷаҳон бошад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20276-Рӯҳонӣ_Амрико_наметавонад_мураввиҷи_ҳуқуқи_башар_ва_субот_дар_ҷаҳон_бошад
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Амрико бо зери по гузоштани тааҳҳудоти байналмилалии худ аз ҷумла тааҳҳудот бо Порис, Куба, Амрикои шимолӣ ва шарқи Осиё нишон дод, наметавонад мураввиҷи ҳуқуқи башар, қонунгароӣ ва суботу амният дар ҷаҳон бошад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 19, 2017 11:09 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Амрико наметавонад мураввиҷи ҳуқуқи башар ва субот дар ҷаҳон бошад

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Амрико бо зери по гузоштани тааҳҳудоти байналмилалии худ аз ҷумла тааҳҳудот бо Порис, Куба, Амрикои шимолӣ ва шарқи Осиё нишон дод, наметавонад мураввиҷи ҳуқуқи башар, қонунгароӣ ва суботу амният дар ҷаҳон бошад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон, дар ҷаласаи ҳайъати давлат, дар бораи рафтори носаҳеҳи Амрико дар қиболи тааҳҳудоти байналмилалӣ афзуд: Амрико дар даврони ҷадид бисёре аз тааҳҳудоташро зери по гузоштааст ва кишваре, ки худ субот надорад ва ба қавонин ва муқаррарот эҳтиром намегузорад, наметавонад дигаронро ба субот, амният ва оромиш даъват кунад .

Рӯҳонӣ ҳузури Амрико дар минтақаро боиси ташдиди ихтилофот ва даргириҳо донисту тасреҳ кард: Миллати Ироқу Сурия ва кишварҳои ҳамҷавор ва размандагони муқовимат бо фидокорӣ минтақаро аз терроризм наҷот додаанд ва дар оянда ҳам ба таври комил минтақаро аз шарри терроризм наҷот хоҳанд дод .

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба нокомии тавтеаҳои Амрико барои муттаҳам кардани Эрон ба нақзи БАРҶОМ изҳор кард: Эрон ҳамвора ба тааҳҳудоти байналмилалии худ пойдор хоҳад монд, аммо амрикоиҳо ба баҳонаҳои мухталиф ба дунболи эъмоли таҳримҳои ҷадид ҳастанд, ки бо ҳеч мантиқ ва рӯҳу матни БАРҶОМ ҳам созгор набуда ва дар таоруз аст .

Раисҷумҳури Эрон таъкид кард: Агар амрикоиҳо бихоҳанд, таҳримҳоеро таҳти ҳар унвону баҳона алайҳи Эрон эъмол кунанд, миллати Эрон посухи муносиб ба онҳо хоҳад дод .

Раиси қувваи муҷрияи Эрон гуфт: Миллат Эрон тавонист бо як қарордоди чандҷониба ва байналмилалӣ муваффақияти бузург ва беназиреро дар торихи сиёсии Эрон ба даст оварад ва дар баробари қудратҳои бузург аз ҳуқуқи худаш дифоъ кунад .