Июл 20, 2017 20:49 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори Кордори Кувейт ба вазорати хориҷаи Эрон

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Кордори Кувейт дар Теҳронро эҳзор кард.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, бархе аз расонаҳо имрӯз хабарҳое бино бар тасмими вазорати умури хориҷаи Кувейт, барои коҳиши дипломатҳои эронӣ дар Кувейтро мунташир карданд.

Дар ин чорчӯб Кордори Кувейт дар Теҳрон барои ироаи тавзеҳот ба вазорати умури хориҷаи Эрон фарохонда шуд, то маротиби эътирози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вай иблоғ шавад.

Бархе аз расонаҳо ҳам эълом кардаанд, Кувейт ба сафири Эрон мӯҳлат додааст то дар муддати 48 соат хоки ин кишварро тарк кунад.

 

Барчасп