Иллати иқдоми зиддиэронии Кувейт аз нигоҳи хатиби ҷумъаи Теҳрон
(last modified Fri, 21 Jul 2017 11:22:15 GMT )
Июл 21, 2017 16:22 Asia/Dushanbe
  • Иллати иқдоми зиддиэронии Кувейт аз нигоҳи хатиби ҷумъаи Теҳрон

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон фишорҳои лобии амрикоӣ - саҳюнистиро омили иқдоми ахири Кувейт алайҳи Эрон донист.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо ишора ба иқдоми зиддиэронии Кувейт гуфт, ба вузуҳ равшан аст, ки лобии амрикоию саҳюнистӣ пушти саҳнаи ин иқдом қарор дорад, то равобити Ҷумҳурии Исломии Эронро бо ҳамсоягонаш тира кунад.

Ҳукумати Кувейт рӯзи панҷшанбе зимни бастани дафтари Ройзании фарҳангӣ ва низомии Эрон дар он кишвар теъдоде аз дипломатҳои эрониро бо баҳонаи парвандаи гурӯҳи "ал-Абдулӣ" коҳиш дод. Ҳукумати Кувейт ҳудуди як моҳ пеш иддао кард, гурӯҳи мусаллаҳеро кашфу аъзои онро боздошт намудааст, ки ба гурӯҳи “ал-Абдулӣ” машҳур ҳастанд. Ниҳодҳои амниятии Ҳукумати Кувейт муддаӣ ҳастанд, ки ин гурӯҳ бо Эрон иртибот дорад, аммо Теҳрон ин иттиҳомро рад кардааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин дар бораи баргузории ҳамоиши гурӯҳи террористии мунофиқин дар Париж гуфт, иҷоза додан ба баргузории ҳамоиши мунофиқин дар Фаронса ҳимояти амалӣ аз терроризм аст.

Нишасти гурӯҳаки террористии мунофиқин якуми июл бо ҳузури намояндагоне аз Амрико, Арабистон ва сарони террористҳо дар наздикии Париж баргузор шуд.