Июл 23, 2017 14:55 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди иттисоли роҳи оҳани Эрон ба Афғонистон дар Теҳрон

Қарордоди ниҳоии иттисоли роҳи оҳани Эрон ба Афғонистон дар Теҳрон ба имзои мудиромили Ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси роҳи оҳани Афғонистон расид.

Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории ИРНА, бар асоси қарордоди ҳамкорӣ, ки имрӯз (якшанбе) ба имзои Саид Муҳаммадзода, мудиромили Ширкати роҳи оҳани Эрон ва Муҳаммад Ямо Шамс, раиси роҳи оҳани Афғонистон расид, то авоили августи 2017 роҳи оҳани ду кишвар ба якдигар муттасил хоҳад шуд ва ба зуддӣ аввалин қатори борӣ байни ду кишвар ба ҳаракат дархоҳад омад.

Саид Муҳаммадзода дар маросими имзои ин қарордоди ҳамкорӣ гуфт, тавсеаи роҳи оҳан дар Эрон ва Афғонистон сабаби амният ва ҳамкории бештар ва рушди иқтисодии ҳамаи кишварҳои муртабит хоҳад шуд.

Раиси роҳи оҳани Афғонистон низ бо ишора ба ҳамкориҳои кишвараш ва Эрон дар заминаҳои мухталиф гуфт, ҳамкории ду кишвар бо таваҷҷӯҳ ба иштирокҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, метавонад субот ва амнияти минтақаро афзоиш диҳад.

Тӯли масири роҳи оҳани Хоф - Ҳирот аз истгоҳ мусофирбрии шаҳристони Хуфи Эрон то шаҳри Ҳироти Афғонистон 191 километр аст, ки 114 километри он дар хоки Афғонистон ва 77 километр он дар хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон воқеъ шудааст.

 

Барчасп