Июл 24, 2017 13:15 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон: Омили ихтилоф дар давлати Амрико

Шабакаи “СНН”-и Амрико ба нақл аз ду манбаи наздик ба вазири умури хориҷа Амрико эълом кард, Рекс Тиллерсон ба далеил ихтилофот бо Трамп эҳтимолан пеш аз поёни сол, аз симмати худ канорагирӣ хоҳад кард.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз СНН, пас аз ихтилофоти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо Шон Спайсер- сухангӯи пешини Кохи Сафед, ки мунҷар ба истеъфои ӯ шуд, Тиллерсон- вазири умури хориҷаи Амрико, низ ба далели ихтилофи дидгоҳ бо Трамп мумкин аст, то қабл аз поёни соли 2017 аз симмати худ канорагирӣ кунад.

  Бар асоси ин гузориш, Тиллерсон бар сари мавзӯоти мухталиф, аз ҷумла БАРҶОМ ва ҳамчунин таркиби кормандони вазорати умури хориҷаи Амрико бо Трамп ихтилоф дорад.

  Расонаҳои амрикоӣ ахиран аз баҳсу ҷадали Тиллерсон ва Ҷеймс Маттис- вазири дифои Амрико бо Трамп, дар нишасти амниятии ҳафтаи гузашта дар бораи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хабар дода буданд.

  Дар ин нишаст Тиллерсон бар хилофи майли ботинии Трамп, ӯро қонеъ кардааст, ки мутааҳҳид будани Эрон ба БАРҶОМ-ро барои се моҳи дигар тамдид кунад.

  Бар асоси гузоришҳо, Трамп бо икроҳ ин мавзӯъро пазируфтааст, аммо билофосила пас аз ин нишаст, парвандаи бознигарии БАРҶОМ-ро аз вазорати умури хориҷаи Амрико гирифта ва онро дар ихтиёр як тими дигар қарор додааст, ки аз афроди мавриди эътимод вай ва мухолифи БАРҶОМ ҳастанд.

  Раиси ҷумҳури Амрико ҳамвора тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро тавофуқи ваҳшатнок хондааст ва майл ба лағв ё тағйири он дорад.