Нақши саудиҳо дар сардии равобити Теҳрон-Душанбе
(last modified 2017-07-25T08:46:00+00:00 )
Июл 25, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • Нақши саудиҳо дар сардии равобити Теҳрон-Душанбе

Узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт: Яке аз кишварҳое, ки боиси сардии равобити байни Теҳрону Душанбе шуда, Арабистони Саудӣ аст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Муртазо Сафории Натанзӣ, узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон афзуд: Мақомоти Тоҷикистон бояд дарк кунанд, ки Арабистони Саудӣ аз муассисони ДИИШ маҳсуб мешавад ва қасд дорад, идеологияи такфирӣ-террористиро дар Осиёи Марказӣ мунташир кунад .

Намояндаи парлумони Эрон нақши пулҳои Саудиро дар сардии равобити Душанбеву Теҳрон муассир дониста ва тасреҳ кардааст: Риёз бо додани ваъдаҳои молӣ мехоҳад, равобити ду кишварро хадшадор кунад .

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ 16 июл дар мусоҳибае бархе кишварҳои минтақаро дар сардии равобити миёни Душанбеву Теҳрон муқассир донист .

Аммо Тоҷикистон ин мавзуъро рад карда ва муътақид аст, ки давлати ин кишвар дар равобит бо ҳамаи кишварҳо бар тибқи манофеи миллии худ ҳамкорӣ мекунад .

Дар паи сардии равобити байни Душанбе ва Теҳрон, Тоҷикистон чанде пеш дафотири фарҳангӣ ва иқтисодии сафорати Эронро дар шаҳри Хуҷанд таътил кардааст .

Ду соли ахир дар Тоҷикистон ҳамчунин фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ (р) ва ройзании фарҳангии Эрон ва бемористони муштараки давлатии Тоҷикистону Ҳилоли Аҳмари Эрон мутаваққиф шудааст .

 

Барчасп