Июл 25, 2017 17:04 Asia/Dushanbe
  • Пурмусофиртарин роҳи оҳани Эрон барқӣ мешавад

Ҷумҳурии Исломии Эрону Чин қарордоди таъмини молии 1.5-миллиарддолларӣ (10 миллиард юан)-и барқӣ кардани роҳ оҳани Теҳрон - Машҳадро рӯзи сешанбе дар Теҳрон имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, Алиашрафи Афхамӣ, мудири кулли Бонки саноат ва маъдани Эрон ва Сун Пинг, қоиммақоми “Exim Bank”-и Чин асноди ин қарордодро имзо карданд. Афхамӣ гуфт, 16 моҳ музокироти фишурда бо “Exim Bank”-и Чин сабаби ба натиҷа расидани ин қарордод шуд.

Роҳи оҳани Теҳрон Машҳад пурмусофиртарин масири хати оҳан дар Эрон аст ва Теҳронро ба Машҳад, ки дувумин шаҳри пурҷамъияти Эрон асту ҳарами Ризо (а) дар он қарор дорад, васл мекунад.

 

Барчасп