Июл 26, 2017 15:38 Asia/Dushanbe
  • Эрон мизбони бисту нуҳумин Олимпиадаи ҷаҳонии компютер

Донишомӯзони 84 кишвари ҷаҳон аз ду рӯзи дигар меҳмони Эрон мешаванд, то дар Олимпиадаи ҷаҳонии компютер ширкат кунанд.

Ба нақл аз Ирно, Ҳамидризо Азаматӣ, мудири иҷроии бисту нуҳумин давраи мусобиқоти Олимпиадаи ҷаҳонии компютер дар нишасти хабарӣ гуфт: Соли гузашта ин мусобиқот дар Русия ва бо ҳузури намояндагони 83 кишвар баргузор шуд ва имсол барои аввалин бор тиме аз Фаластин дар ин олимпиада ҳузур дорад .

Азаматӣ тасреҳ кард: Дар ин давра аз мусобиқот ҳар кишвар, чаҳор намоянда дар қолаби як тим дорад ва дар муддати ҳашт рӯз, ки ширкаткунандагон дар Теҳрон ҳузур хоҳанд дошт, барномаҳои мутанаввее барои онон дар назар гирифта шудааст .

Аввалин давраи мусобиқоти олимпиадаи компютер, соли 1989 дар Булғористон баргузор шуд .

Бисту нуҳумин давраи мусобиқоти Олимпиадаи ҷаҳонии компютер аз 28 июл то чаҳоруми август дар Теҳрон баргузор мешавад .

 

Барчасп