Июл 29, 2017 12:41 Asia/Dushanbe
  • Гардишгари хориҷӣ қурбонии акси селфи шуд

Шавқи гирифтани акси селфи ҷони як гардишгари хориҷиро, ки ба шимоли Эрон сафар карда буд, гирифт.

Ба гузориши ИРНА, як бонуи гардишгари  шаҳрванди кишвари Уммон, ки ба минтақаи Калордашт, дар ғарби Мозандарони Эрон сафар карда буд, асри рӯзи ҷумъа барои гирифтани акси селфи ба баландӣ рафта буд, вале ба иллати беэҳтиётӣ ба дохили рӯдхона афтод ва ғарқ шуд.

Сухангӯи Маркази мудирияти ҳаводис ва фавриятҳои пизишкии Мозандарон гуфт, дар пайи тамосҳои мардумӣ, нерӯҳои пойгоҳи фавриятҳои пизишкии минтақаи Калордашт дар маҳалли вуқӯи ҳодиса ҳузур ёфтанд, аммо ин фарди ҳодисадида ҳеҷ гуна аломатҳои ҳаётӣ надошт ва интиқоли вай ба бемористон низ натиҷабахш набуд.

 Аз ибтидои имсол то кунун ин севумин бор аст, ки чунин ҳодисае дар ин минтақа рух додааст.

 Калордашт, ки аз он ба унвони “биҳишти гумшуда”-и Эрон тавсиф мешавад, ба иллати бархурдорӣ аз мавқеиятҳои мумтозе монанди рӯдхонаи пурҷозиба ва пуроби “Сардобрӯд”, кӯҳҳои “Тахти Сулаймон”, “Аламкӯҳ” ва низ осори таърихии фаровон дар тамоми фаслҳои сол, ба вижа нимаи нахусти сол мизбони миллионҳо гардишгар ва мусофири дохилӣ ва хориҷӣ аст.