Эрон бо ҳама тавон Барномаи мушакии худро идома медиҳад
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, Теҳрон ҳаққи посухи лозим ба иқдоми Амрикоро барои худ маҳфуз медонад ва бо ҳама тавон ба роҳаш ба барномаи мушакӣ идома медиҳад.
Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо дар бораи иқдоми душманонаи ахири Амрико дар тасвиби тарҳи таҳримҳои Эрон афзуд, сиёсати Эрон дар ҳавзаи масоили низомӣ ва мушакӣ комилан равшан аст ва дигарон ҳаққи дахолат дар ин бораро надоранд.
Қосимӣ сиёсатҳои дифоӣ ва мушакии Эронро барои дифоъ аз кишвар ва кӯмак ба сулҳ, субот ва амнияти минтақа донист ва таъкид кард, Барномаи мушакии Эрон хатаре барои ҳамсоягон ва дигарон нест, балки сиёсате барои ҷилавгирӣ аз ҳар фикри нобихрадонае барои таҷовуз ба Эрон аст.
Қосимӣ муҳтавои мусаввабаи Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрикоро ҷамъ шудани таҳримҳои гузаштаи зидди Эрон баршуморид ва гуфт, ин иқдоми Амрико иқдоме душманона, маҳкум ва ғайриқобили тавҷеҳ буда, ки барои заифсозии Барҷом ба унвони тафоҳуме чандҷониба ва байналмилалӣ анҷом шудааст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба иттиҳоми Амрико дар бораи ҳимояти Эрон аз терроризм такид кард, Эрон талошҳои зиёде дар масири мубориза бо терроризм анҷом дода, аммо Амрико бо субот, амният, сулҳ ва тавсеаи иқтисодӣ дар минтақа мухолиф аст ва саъй мекунад бо ҳузури террористҳо минтақаро ба ошӯб ва таниш бикашад.