Мақоми эронӣ: Дар замини Трамп бозӣ намекунем
Раиси Ситоди эронии пайгирии иҷрои Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак (БАРҶОМ), мусаввабаи ахири Конгресси Амрикоро иқдоме душманона алайҳи Эрон хонд.
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон”, Саид Аббоси Ироқчӣ шанбе шаб дар гуфтугӯ бо шабакаи “Аввал”-и телевизиони Эрон гуфт, душмании Амрико бо Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад ва муқобилаи Эрон бо хусуматҳои Амрико, низ идома дошта ва хоҳад дошт.
Ироқчӣ таъкид кард, истодагӣ, рамзи қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Ба вуҷуди таъйиди пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ, Конгресси Амрико дар рӯзҳои ахир, тарҳи ҷомеи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро тасвиб кард.
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, Трамп ва Амрико ба думболи канор гузоштани БАРҶОМ ҳастанд, аммо мехоҳанд шароитро ба гунае рақам бизананд, ки Эрон, БАРҶОМ-ро канор бигузорад.
Ироқчӣ гуфт, Эрон ба душмании Амрико посух хоҳад дод, аммо дар замини Трамп бозӣ нахоҳад кард.
Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Биритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ, БАРҶОМ-ро нақз мекунад.