Июл 30, 2017 20:41 Asia/Dushanbe
  • Сардаргумии давлати Трамп дар иттихози сиёсати дуруст дар қиболи Эрон

Ҳудуди ниме аз амрикоиҳо, сиёсатҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишварро дар қиболи Эрон тайид намекунанд.

Охирин назарсанҷии шабакаи Факс Ниюз нишон дод, 44 дарсад аз шаҳрвандони амрикоӣ, мудирият ва сиёсатҳои Доналд Трампро дар қиболи Эрон рад мекунанд ва 19 дарсад низ дар ин бора тардид доранд .

Ин дар ҳолест, ки бино бар ин назарсанҷӣ, 37 дарсад аз мардуми Амрико мувофиқи сиёсатҳои Вашингтон дар қиболи Эрон ҳастанд.

Дар маҷмуъ, аз дидгоҳи шаҳрвандони амрикоӣ, давлати Трамп ҳамчунон натавонистааст сиёсати мунсаҷиме дар қиболи Эрон иттихоз кунад ва ба дунболи баҳонае барои идома додани сиёсатҳои хасмонаи хеш аст .

То ҷое, ки Майк Помпео, раиси Созмони CIA дар нишасти 19 июли мушовирон ва вазирони аслии Трамп дар бораи БАРҶОМ (барномаи иқдоми муштараки Эрону 6 кишвар) гуфт: “Мехоҳем, эрониҳоро на фақат дар заминаи ҳастаӣ, ки дар дигар заминаҳо ақиб биронем, аммо ҳануз роҳбурди муносиберо барои ин кор наёфтаем”.

Ба назар мерасад, рӯйкарди давлати Трамп дар қиболи ҷумҳурии исломии Эрон на фақат барои шаҳрвандони амрикоӣ балки барои давлатмардони Амрико низ номаълум аст .

 

Барчасп