Август 11, 2016 19:34 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши шадиди Эрон ба иддаои Вазорати умури хориҷии Англия

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон иддаои муовини вазири умури хориҷии Англия дар умури Ховари Миёнаро дар мавриди нақши Эрон дар буҳрони Яман рад кард.

Ба гузориши идораи кулли дипломатияи расонаии Вазорати умури хориҷии Эрон, Баҳроми Қосимӣ гуфтааст, мақомҳои Англия ба ҷойи иддаоҳои бепоя ва истинод ба гузоришҳои беасос беҳтар аст, посухгӯи суолҳои намояндагони Маҷлиси авоми ин кишвар дар бораи корбурди густарда ва ғайриқобили инкори силоҳҳои одамсӯзӣ англисӣ дар Яман дар куштори ғайринизомиён, аз ҷумла занону кӯдакони бегуноҳ бошанд. Ӯ афзуд, дар ҳоле ки куштори кӯдакони яманӣ дар ҳамалоти нерӯҳои эътилоф бо раҳбарии Арабистон амри ошкор аст, мақомҳои Англия ба унвони яке аз ду кишвари аслии таъминкунандаи силоҳ барои ин эътилофи кӯдаккуш бояд посухгӯи афкори умуми ҷаҳонӣ бошад.

Бар асоси омори расмии Компанияи мубориза бо тиҷорати силоҳ, Арабистони Саудӣ бузургтарин харидори таслиҳоти англисӣ аст ва аз соли 2010 таҷҳизоте бо арзиши беш аз шаш миллиарду 700 миллион фунт аз ин кишвар дарёфт кардааст.

Тобиас Иллвуд, муовини вазири умури хориҷии Англия дар умури Ховари Миёна ва Африқо,  ахиран, иддао кард, Эрон дар ҳоли судури таслиҳот ба Яман аст ва бо ин иқдом Қатъномаи 2216-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро нақз кардааст.