Август 01, 2017 20:55 Asia/Dushanbe
  • Бениёз шудани Эрон аз гази Туркманистон

Вазири нафти Эрон аз бениёзии ин кишвар ба гази воридотӣ аз Туркманистон хабар дод.

Бежан Номдори Зангана дар маросими ифтитоҳи хати интиқоли гази Домғон ба Нико гуфт, бо иҷрои амалиёти интиқоли гази Домғон ба Сорӣ мушкили таъмини гази устонҳои шимолии Эрон бартараф шуд. Пеш аз ин устонҳои шимолии Эрон барои таъмини газ ниёзманди гази воридотӣ аз Туркманистон буданд ва ин кишвар ҳам бо ҳадафи боло бурдани қимат дар фаслҳои сарди сол аз тааҳҳуди худ сарпечӣ карда, судури газро ба Эрон мутаваққиф мекард.

Вазири нафти Эрон гуфт: «Барои банда мояи шармандагӣ буда, ки Эрон ҷузъи кишварҳои содиркунандаи газ бошад, аммо дар бархе устонҳои кишвар бо камбуди газ мувоҷеҳ бошем». Ӯ афзуд: “Ин ифтихор нест, ки рӯйи саноати азими энержии кишвар роҳ биравем, вале мардум аз ин сарват истифода накунанд. Ҳунари мо ба унвони масъулони кишвар ин аст, ки сарватро барои беҳбуди зиндагии мардум ба ҳамаи ҷомеа густариш диҳем».

Ҳамакнун мизони газрасонӣ дар шаҳру рустоҳои Эрон ба 95 дарсад расидааст.

 

Барчасп