Август 11, 2016 20:50 Asia/Dushanbe

Ин рӯзҳо, дар нахустин рӯзҳои моҳи зилқаъда, дар айёми милоди ҳазрати Имом Ризо (а), аз наберагони гиромии Паёмбари бузурги Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) Ҷашнвораи фарҳангӣ-ҳунарии Имом Ризо (а) дар саросари Эрон дар ҳоли баргузорист.

Ҳазрати Имом Ризо (а), ки ба олами Оли Муҳаммад (с) машҳур буданд, бо ҳузур дар мунозираҳои мухталифу гуфтугӯ бо донишмандони адёни дигар бартарии дини мубини Исломро ба исбот мерасонданд.

Дар ин рӯзҳо, ки ба юмни милоди Имом Ризо (а) ва хоҳару бародари бузургвори эшон, "даҳҳаи каромат" номгузорӣ шуда, Машҳади муқаддас, бахусус ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а), ки дар ин шаҳр воқеъ аст, пазирои садҳо ҳазор зоир аз саросари Эрон, кишварҳои мухталифи ҷаҳон аст ва ҷашнвораи фарҳангӣ-ҳунарии Имом Ризо (а) низ дар вилоятҳои мухталифи Эрон ба ин муносибат дар ҳоли баргузорист.

Бахши байналмилалии чаҳордаҳумин Ҷашнвораи фарҳангӣ-ҳунарии Имом Ризо (а) низ дар Машҳади муқаддас оғозшудааст, ки ҳамкорамон оқои Қосимӣ аз ин ҷашнвора гузориш медиҳад: