Оғози маросими савганди ҳукми дувоздаҳумин давраи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон
Маросими танфизи (савганд ёд) ҳукми дувоздаҳумин давраи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (раҳ.), дар Теҳрон оғоз шуд.
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин маросим дар маҳзари ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва бо ҳузури раисони қуво, раиси Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ, мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ, уламо ва донишгоҳиёни Эрон, ҷамъе аз сафирон ва намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ, дар ҳоли баргузорӣ аст.
Дар ин маросим, вазири кишвари Эрон, гузорише аз раванди баргузории интихоботи дувоздаҳуми раёсатҷумҳуриро ироа мекунад, сипас ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммади Муҳаммадии Гулпойгонӣ, раиси дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, матни ҳукми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар танфизи (тасдиқ) раъйи мардум ва интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ ба мақоми раёсати Ҷумҳурии Исломии Эронро қироат хоҳад кард, онгоҳ Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ лавҳи матни ҳукмро ба раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон эъто мекунанд.
Суханронии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва низ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ аз дигар бахшҳои ин маросим муҳим аст.
Бар асоси асли 110 Қонуни асосии Эрон, «имзои ҳукми раёсатҷумҳурӣ пас аз интихоби мардум», аз ҷумла «вазоиф ва ихтиёроти раҳбарӣ» аст ва тибқи Қонуни интихоботи раёсатҷумҳурӣ, «давраи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳор сол аст ва аз таърихи танфизи эътиборнома ба василаи мақоми муаззами раҳбарӣ оғоз мешавад».
Ҳасани Рӯҳонӣ дар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 19 майи 2017, бо беш аз 23 миллион раъй, бори дигар ба унвони раисиҷумҳури Эрон интихоб шуд.