Пойтахти Покистон музайян ба аксҳои Раҳбари инқилоб ва раисиҷумҳури Эрон шуд
Порс-Тудей. Шаҳри зебо ва сарсабзи Исломобод, пойтахти Покистон, ки қарор аст аз рӯзи шанбе (фардо) ба муддати ду рӯз мизбони раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳ бошад, музайян ба овезаҳову аксҳои бузурге аз оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоб ва Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон шудааст.
Дар остонаи сафари расмии Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Покистон, дар сатҳи шаҳри Исломобод овезаҳо ва аксҳои бузурге аз Раҳбари инқилоб, Пизишкиён, парчами муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамчунин, нахуствазиру раиси Ҷумҳурии Покистон насб шудааст.
Масири фурудгоҳи низомӣ дар муҷовирати шаҳри Исломобод то ҳотели маҳалли иқомати ҳайати баландпояи Эрон, имтидоди хиёбонҳои аслии ин шаҳр ва муқобили кохҳои раёсати ҷумҳурӣ ва нахуствазирӣ низ ба тасовири бузурге аз Раҳбари инқилоби исломӣ ва раиси ҷумҳурии Эрон ороста шудааст.
Ҳамчунин, дар ин тасовир ҷумалоти форсӣ барои хушомадгӯӣ ба раиси Ҷумҳурии исломии Эрон навишта шудаву парчами ду кишвар рӯи он нақш бастааст.
Вазорати хориҷаи Покистон имрӯз - ҷумъа эълом кард, ки раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бинобар даъвати расмии нахуствазири Покистон барои боздиди дурӯза фардо (шанбе/ дувуми август) ба Исломобод сафар мекунад.