Август 05, 2017 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 131 хабарнигори хориҷӣ барои инъикоси маросими савгандёди раиси ҷумҳурии Эрон

131 хабарнигори хориҷӣ аз 29 кишвари ҷаҳон имрӯз маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии Эронро пӯшиш медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, 108 хабарнигори хориҷии муқими Эрон, мутааллиқ ба 64 расона аз кишварҳои Австрия, Испания, Австралия, Афғонистон, Иморот, Амрико, Англия, Италия, Озарбойҷон, Олмон, Туркия, Чин, Русия, Ҷопон, Сурия, Швейтсария, Ироқ, Фаронса, Фаластин, Қатар, Кореяи Шимолӣ, Кувайт ва Лубнон бо ҳузур дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ ин рӯйдоди муҳимро дар расонаҳои ҷаҳонӣ мунъакис мекунанд.

Ҳамчунин 23 нафар аз намояндагони расонаҳои хориҷии ғайримуқим аз 11 расона ва 10 кишвари дунё шомили Амрико, Англия, Италия, Албания, Олмон, Булғория, Покистон, Кореяи Шимолӣ, Лубнон ва Молдова барои пӯшиши хабарии маросими савгандёдкунии доктор Ҳасани Рӯҳонӣ ба Эрон меоянд.

 Хабаргузориҳои AFP, AP, UPI, “Блумберг”, “Синхуа”, “Анатоли” ва “Кийодо”, рӯзномаҳои “Таймс”, “Индепендент”, “Файнешнл таймс”, “Осоҳи” ва “Юмиюри”, телевизионҳои “Ал-Ҷазира”, “”Ал-Манор”, “Фуникс”, “Рашатудей”, CNN, NBC, CBS ва нашрияи “Тайм” аз муҳимтарин расонаҳои пӯшишдиҳандаи ин рӯйдод ҳастанд.

 Маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии Эрон асри имрӯз бо ҳузури мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Теҳрон баргузор мешавад.