Рӯҳонӣ: БАРҶОМ заминаи иртиқои равобити иқтисодии Эрон ва Аврупоро фароҳам кард
(last modified Sun, 06 Aug 2017 14:15:38 GMT )
Август 06, 2017 19:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: БАРҶОМ заминаи иртиқои равобити иқтисодии Эрон ва Аврупоро фароҳам кард

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Пас аз иҷрои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), шароити муносибтаре барои иртиқои равобити иқтисодии Эрон ва кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Испания эҷод шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар дидори Пио Гарсиа-Эскудеро, раиси маҷлиси Сенати Испания дар Теҳрон, равобити Теҳрон–Мадридро дерина ва дӯстона тавсиф карду афзуд: Иттиҳоди Аврупо дар иҷрои тавофуқи БАРҶОМ нақши муассире ифо кард ва токунун низ барои ҳифзи БАРҶОМ бо вуҷуди коршиканиҳои Амрико, мавозеи қобили қабуле доштааст .

Рӯҳонӣ, БАРҶОМ-ро тавофуқе бурд–бурд ва ба нафъи ҳама донисту тасреҳ кард: БАРҶОМ заминаи мусоиде барои тавсеаи равобити Эрон бо кишварҳои дӯст эҷод карда ва Эрону Испания ба унвони ду кишвари дӯст бояд бештарин баҳраро аз ин тавофуқ ба нафъи миллатҳои худ бубаранд.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин ба заминаҳои муносиби Эрон барои сармоягузорӣ дар арсаҳои санъат, ҳамлу нақл ва энержӣ ишора ва хотирнишон кард: Испания илова бар фурсати мушорикат дар ин заминаҳо, зарфияти хубе барои ҳамкорӣ бо Эрон дар арсаи санъати туризм дорад .

Пио Гарсиа-Эскудеро, раиси маҷлиси Сенати Испания ҳам дар ин дидор гуфт: Испания ва Иттиҳоди Аврупо аз ҳамкорӣ бо Эрон ҳимоят мекунанд ва ин ҳамкориҳоро ба нафъи минтақа медонанд .