Август 06, 2017 20:22 Asia/Dushanbe
  • Тими гуштии фарангии ҷавонони Эрон қаҳрамони ҷаҳон шуд

Тими гуштии фарангии ҷавонони Эрон пеш аз баргузории дидорҳои финал ва радабандии чаҳор вазни дуввуми рақобатҳои қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон, бо як натиҷаи торихӣ, қаҳрамони зудҳангоми ҷаҳон муаррифӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо таваҷҷуҳ ба ду медали тиллои Пуё Додмарз ва Каромат Абдулӣ дар вазнҳои 50 ва 60 килограмм, ки дар рӯзи нахуст ба даст омад ва ҳамчунин роҳёбии Амини Ковиёнинажод ва Ормони Ализодаи Абдулӣ ба финали вазнҳои 66 ва 84 килограмм ва ҳузури Амини Мирзозода дар дидори радабандии вазни 120 килограмм, қаҳрамонии тими гуштии фарангии ҷавонони Эрон, нахустин бор дар ин пайкорҳо қатъӣ шуд .

Русияву Амрико ва Украина барои радаҳои баъдӣ бо якдигар рақобат мекунанд .

Рақобатҳои гуштии фарангии қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон аз ҷумъа 4 август дар Тампереи Финланд оғоз шуд ва баъд аз зуҳри имрӯз бо шинохти нафарот ва тимҳои бартар ба поён мерасад .

Эрон охирин бор дар 2013 бар саккуи сеюми ҷаҳон қарор гирифта буд ва дар 2014 ҳаштум ва дар 2015 низ шашум шуд .

Миллипушони ҷавони Эрон ҳамчунин ноибқаҳрамонии ҷаҳонро низ дар корномаи худ доранд .