Август 07, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Дархости Сурия аз СММ: Эътилофи амрикоии зидди ДИИШ-ро мунҳал кунед

Вазорати хориҷаи Сурия дар номае ба Созмони Милали Муттаҳид, инҳилол (бекор кардан)-и фаврии эътилофи ғайриқонунии амрикоии зидди ДИИШ ва поён ёфтани ҷиноятҳои онро дар Сурия хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, вазорати хориҷаи Сурия дар нома ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва раиси Шӯрои амнияти ин созмон таъкид кард, Сурия бори дигар ҷиноятҳои эътилофи амрикоиро, ки намунаи ошкори ҷинояти ҷанагӣ ва зидди башарӣ аст ва бо ҳеҷ баҳонае қобили тавҷеҳ нест, маҳкум мекунад.

Дар ин нома омадааст, ҷиноятҳое чун бомбаборони маҳаллаҳои маскунӣ, хонаҳои шаҳрвандон, тахриби бемористони шаҳри Раққа ва бакоргирии фосфори сафед, нақзи ошкори қавонини байналмлалӣ аз сӯи эътилофи амрикоии зидди ДИИШ дар устонҳои Раққа, Ҳиска, Ҳалаб, Дайрулзур  ва дигар манотиқи Сурия аст.

Вазорати хориҷаи Сурия ҳамчунин аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хост, ба масъулияти худ дар ҳифз ва посдорӣ аз амният ва суботи байналмилалӣ ва иҷбори кишварҳо ба иҷрои қатъномаҳои ин созмон бавижа дар мубориза бо терроризм амал кунад.

Ҷангандаҳои эътилофи амрикоии зидди ДИИШ рӯзи шанбе дар ҷинояти дигар, маҳаллаҳои маскунӣ ва хонаҳои шаҳрвандони Раққаро бо мушакҳои ҳидоятшавнда ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла 43 зан ва кӯдаки сурии сокини ин шаҳр кушта ва захмӣ шуданд.

 

Барчасп