Август 08, 2017 14:39 Asia/Dushanbe
  • Интиқод аз мавзеи дугонаи Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Эрон

Моҳворабари эронии “Симурғ” 27-уми июли соли 2017 аз пойгоҳи миллии фазоии Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон бо муваффақият ба фазо партоб шуд.

Ин муваффақияти илмии Эрон аммо вокунишҳоеро аз сӯйи Амрикову Иттиҳоди Аврупо дар пай дошт.

Камоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон рӯзи душанбе, 7-уми август дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо, бо ишора ба дидораш бо хонум Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон гуфт: “Замоне ки ба Могерини гуфта шуд, маънӣ надорад се кишвари аврупоӣ дар судури баёния алайҳи Эрон бо Амрико ҳамроҳӣ кунанду партоби мушаки моҳворабари “Симурғ”-ро нақзи қатъномаи 2231 –и Шӯрои амнияти Созмони Милал бидонанд, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҷавобе барои гуфтан надошт”.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон низ пештар дар дидори Могерини бо ишора ба озмоишҳои мушакии Эрон ва низ партоби моҳворабари илмии “Симурғ” ва муғойирате надоштани ин иқдомҳо бо қатъномаи 2231, аз баёнияи ахири се кишвари аврупоӣ, ки ба таври муштарак бо Амрико содир шуд, интиқод ва онро ҳаракате дар масири иштибоҳ тавсиф кардааст.

 Равобити Эрон ва Иттиҳоди Аврупо акнун аз гуфтугӯҳои интиқодӣ вориди даврае аз таомулоти иқтисодӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ шудааст, аммо замоне ки ин гуна мавзеъгириҳо бо аҳдофи сиёсӣ аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо матраҳ мешавад, ин бардошт бо ибҳомоте ҳамроҳ мешавад.

 Дар даврони даҳсолаи таҳримҳо равобити Эрону Иттиҳоди Аврупо бо вуҷуди пешинае мусбат осебҳои ҷиддӣ дид. Хонум Могерини низ ба унвони масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба ин масъала эътироф дорад, ки ИА набояд дар нигоҳ ба манофеи миллии худ дунболарави Амрико ва тобеъ  аз сиёсатҳои якҷонбаи Кохи Сафед бошад ва дар баёнияе иҷрои комили Барҷомро аз аъзои 5+1 хостор шуд.

Шакке нест, ки шаффоф будани мавозеи ИА ва масъулиятпазирияш дар ҳимоят аз Барҷом муҳим аст. Аммо ин ки ИА бо рӯйи даст гирифтани мавзее аз навъи илқои нигаронӣ аз як ҳаракати илмии ҳавофазо дар Эрон ва ҳамсӯйӣ бо Амрико дар ин замина чӣ гуна метавонад аз манофеи худ дар баробари фишорҳо ва зӯргӯии Амрико дифоъ кунад, ҷой савол дорад.

Нашрияи “Форейн Полиси” дар мақолае интиқодӣ аз мавозеи Амрико ва ИА дар қиболи Эрон ва Барҷом менависад: “Бар хилофи иддаоҳои бархе аз мухолифони тавофуқи ҳастаӣ, партобҳои фазоӣ мафоду муҳтавои Барҷомро нақз намекунад. Дар қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки иҷрокунандаи тавофуқ аст, аз Эрон сирфан хоста шуда, дар ҳадди як пешниҳоди дипломатӣ  аз фаъолиятҳои муртабит бо тавсеаи мушакҳои болистик, ки қодир ба ҳамли силоҳи ҳастаӣ ҳастанд, худдорӣ кунад”.

Ин нашрия меафзояд, “Тими Трамп аммо қатъи назар аз ин ки партоби мушак ба фазо қонунан ҷоиз бошад ё мамнӯъ, ҳамчунон ба дунболи ин ҳадаф аст, ки аз як озмоиши илмии ҳавову фазо дар Эрон як таҳдиду баҳонае барои барҳам задани Барҷом бисозад, ки Трамп онро “бадтарин тавофуқи тамоми даврон” хондааст”.

Иттиҳоди Аврупо аз ин ҳамсӯйӣ қатъан суде ба даст нахоҳад овард.