ДИИШ бори дигар Эронро таҳдид кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21430-ДИИШ_бори_дигар_Эронро_таҳдид_кард
Гурӯҳи террористии ДИИШ, ки охирин нафасҳоро дар Сурия ва Ироқ мекашад бо интишори видеое аз аносури худ хост, алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон даст ба иқдомоти террористӣ бизананд. Ба гузориши хабаргузории Меҳр, ДИИШ дар ин видео аз аносури худ хостааст дар сурате, ки наметавонанд ба ин гурӯҳи террористӣ дар Сурия ва Ироқ мулҳақ шаванд, алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон даст ба амалиёти террористӣ бизананд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 10, 2017 17:43 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ бори дигар Эронро таҳдид кард

Гурӯҳи террористии ДИИШ, ки охирин нафасҳоро дар Сурия ва Ироқ мекашад бо интишори видеое аз аносури худ хост, алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон даст ба иқдомоти террористӣ бизананд. Ба гузориши хабаргузории Меҳр, ДИИШ дар ин видео аз аносури худ хостааст дар сурате, ки наметавонанд ба ин гурӯҳи террористӣ дар Сурия ва Ироқ мулҳақ шаванд, алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон даст ба амалиёти террористӣ бизананд.

Дар ин видео ҳамчунин тасовире аз ҳамалоти террористии ахири аносури ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва марқади мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Теҳрон нишон дода шудааст.

Ҳафтуми июн ҳамалоти аносури вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Теҳрон, 18 шаҳид ва даҳҳо захмӣ бар ҷо гузошт.

Дар пайи ин ҷинояти ваҳшиёнаи ДИИШ, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом кард, рехта шудани ҳеҷ хуни покеро бидуни посух намегузорад.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сипас 18 июн бо ҳадаф танбеҳи террористҳои такфирӣ, мақари фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммӯъ, пуштибонӣ ва сохти худравҳои инфиҷории террористҳои ДИИШ-ро дар минтақаи Дайрузури Сурия бо шаш адад мушаки миёнбурди замин ба замин ҳадаф қарор дод.