Ҳушдор ба Трамп дар мавриди сиёсатҳои зиддиэронӣ
(last modified Thu, 10 Aug 2017 13:26:52 GMT )
Август 10, 2017 18:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор ба Трамп дар мавриди сиёсатҳои зиддиэронӣ

Коршиносон ва сиёсатмадорони амрикоӣ дар мавриди паёмадҳои манфии сиёсатҳои зиддиэронӣ ба раисиҷумҳури Амрико, ҳушдор доданд.

Ба гузориши ИРНА, Бен Родс, мушовири Барак Обама, раисиҷумҳури пешин Амрико ҳушдор дод, ки сиёсатҳо ва иқдомоти зиддиэронии Доналд Трамп, раисиҷумҳури феълӣ дар канор гузоштани тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ба зиёни Вашингтон хоҳад буд.

Родс афзуд, агар Трамп тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро пора кунад, бо буҳрон мувоҷеҳ хоҳем шуд.

Ҷеннифер Ловенштайн, устоди мутолиоти Ховари Миёна дар донишгоҳи ‎Пенсилвания низ иддаои Кохи Сафедро дар бораи ҳимояти Эрон аз терроризм музҳик донист ва гуфт, Трамп ба далели хашм аз мавзеи мустақили Эрон дар минтақа, ба ин кишвар иттиҳоми ҳимоят аз терроризм мезанад.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Биритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) ё ҳамон БАРҶОМ аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора БАРҶОМ-ро нақз мекунад.