Ҷон бохтани 13 тан бар асари ҷорӣ шудани сел дар шимоли Эрон
(last modified Sat, 12 Aug 2017 06:37:04 GMT )
Август 12, 2017 11:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 13 тан бар асари ҷорӣ шудани сел дар шимоли Эрон

Раиси Созмони мудирияти буҳрони Эрон аз ҷон бохтани 13 нафар бар асари ҷорӣ шудани сел дар устонҳои Гулистон, Хуросони Разавӣ ва Хуросони Шимолӣ хабар дод.

Ба гузориши ИСНА, Исмоили Наҷҷор, раиси Созмони мудирияти буҳрони Эрон гуфт, бар асари ин ҳодиса ҳашт нафар дар устони Хуросони Разавӣ (Шимоли Шарқ) як тан, дар Хуросони Шимолӣ (Шимоли Шарқ) ва чаҳор нафар дар Гулистон (Шимоли Эрон) ҷони худро аз даст додаанд.

Наҷҷор таъкид кард, ду тан низ дар яке аз рустоҳои устони Гулистон нопадид шудаанд, ки ҷустуҷӯ барои наҷоти онҳо ҳамчунон идома дорад.

Вай афзуд, ин селоб хисоротеро ба таъсисот ва роҳҳои иртиботӣ ворид карда ва то кунун ба ҳудуди 400 нафар кӯмакрасонӣ шудааст.

Бориши шадиди борон дар устонҳои Гулистон, Гелон, Хуросони Разавӣ, Хуросони Шимолӣ ва Симнон аз рӯзи панҷшанбе оғоз ва то рӯзи ҷумъа идома дошт.