Август 14, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Арабистон барои ироаи хадамоти матлуб ба ҳоҷиёни эронӣ

Муовини вазири Ҳаҷи Арабистон бар пойбандии кишвараш ба ироаи хадамоти муносиб ба зоирони эронӣ таъкид кард.

  Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммад Абдурраҳмон Биҷовӣ- муовини вазири Ҳаҷи Арабистон, рӯзи якшанбе дар дидори Саиди Харрозӣ, раиси ҳайати консулии вазорати умури хориҷаи Эрон дар Мадинаи Мунаввара, гуфт, бо ҳадафи ироаи хадамоти муносиб ба зоирони эронӣ, омодаем ҳар гуна мушкили эҳтимолии зоиронро ҳал кунем.

 Дар ин дидор ду тараф дар бораи ироаи хадамоти муносиб ба зоирони эронӣ ва риояти эҳтиром ва иззати онҳо табодули назар карданд.

 Ҳамчунин Муҳаммадтақӣ Ҳиллисоз, мудири бемористони эронӣ дар Макка Мукаррама, рӯзи якшанбе аз оғоз бакори нахустин бинои дармонгоҳи умумӣ дар ин шаҳр, ки дорои бахшҳои мухталифи дармонӣ аст, хабар дод.

 Имсол 86 ҳазору 500 зоири эронӣ барои маросими Ҳаҷ роҳии Арабистон мешаванд.

 

Барчасп