Содироти маҳсулоти нано аз Эрон ба 20 кишвари ҷаҳон
(last modified Tue, 15 Aug 2017 11:40:11 GMT )
Август 15, 2017 16:40 Asia/Dushanbe
  •  Содироти маҳсулоти нано аз Эрон ба 20 кишвари ҷаҳон

Дабири ситоди вижаи тавсеаи фанноварии нано дар Эрон гуфт, маҳсулоти нанофанноварии Эрон ба беш аз 20 кишвари ҷаҳон содир мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Саиди Саркор, дабири ситоди вижаи тавсеаи фанноварии нанои Эрон рӯзи сешанбе гуфт, пешрафти маҳсулоти нанои Эрон дар бозори ҷаҳонӣ бисёр хуб будааст ва ин маҳсулот ба 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Австралия, Олмон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Австрия ва Русия содир мешавад. Саркор гуфт, беш аз 160 ширкати донишбунён дар тавлиди маҳсулоти нано дар Эрон фаъол ҳастанд. Ӯ афзуд, Эрон рушди бисёр пуршитоберо дар арсаи иқтисоди нано дар бозорҳои байналмилалӣ таҷриба мекунад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз кишварҳои пешрав дар фанноварӣ нано аст ва аз назари тавлидоти илмӣ дар ин замина дар ҷаҳон дар мақоми шашум аст.