Истиқболи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз равобити тиҷорӣ бо Эрон
(last modified Tue, 15 Aug 2017 13:51:55 GMT )
Август 15, 2017 18:51 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз равобити тиҷорӣ бо Эрон

Раиси Комиссияи иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз равобити тиҷории Эрон бо ин иттиҳод истиқбол кард.

Ба гузориши хабаргузории “Хонаи миллат”, Тигрон Саркисян равобити иқтисодӣ миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро бисёр муҳим арзёбӣ карда гуфт, Эрон баъд аз тасвиби БАРҶОМ зарфияте барои барқарорӣ ва афзоиши равобити иқтисодӣ пайдо кардааст. Ӯ афзуд, Иттиҳоди АвруОсиё ҳеҷ гуна маҳдудияте барои иртиботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо ҷумҳурии исломӣ надорад ва ин иртиботро ба дур аз масоили сиёсӣ анҷом медиҳад. Раиси Комиссияи иқтисодии Иттиҳоди АвруОсиё гуфт, Иттиҳоди АвруОсиё ба масоили иқтисодӣ бисёр аҳамият медиҳад ва ба афзоиши равобит бо кишварҳо бар асоси равобити тиҷорӣ таъкид дорад.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар соли 2015 фаъолияти худро ба таври расмӣ оғоз карда, дар ҳоли ҳозир аз кишварҳои Русия, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон иборат аст.