Ҳайати эронӣ ҳаққобаи комили Ҳирмандро аз тарафи афғонистонӣ мутолиба кард
(last modified Fri, 09 May 2025 15:35:05 GMT )
Май 09, 2025 20:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати эронӣ ҳаққобаи комили Ҳирмандро аз тарафи афғонистонӣ мутолиба кард

Порс-Тудей. Дар бистунуҳумин иҷлоси комиссарони оби Ҳирманд, ки барои пайгирии иҷрои Муоҳидаи соли 1351-и рӯдхонаи Ҳирманд дар Кобул баргузор шуд, тарафи эронӣ бо муҳосиботи фаннӣ ва додаҳои пойгоҳҳои муътабари ҷаҳонӣ, вазъияти соли обии гузашта ва соли обии ҷориро нурмол арзёбӣ ва бар ин асос ҳаққобаи комили Ҳирмандро аз тарафи афғонистонӣ мутолиба кард.

Дар иҷлоси Кумитаи муштараки комиссарони оби Ҳирманд ҳамчунин тарафи эронӣ мавориде аз иқдомоти тарафи муқобилро, ки монеи таҳаққуқи комили ҳаққобаи Ҷумҳурии исломии Эрон шуда буд, дар ҷаласа матраҳ кард ва бар асоси моддаи панҷи муоҳида, хостори рафъи ин мавонеъ гардид. /Хабаргузории садо ва симо