Боздошти як эронӣ дар Англия
Порстудей - Полиси зиддитероризми Англия ҷумъа эълом кард, ки дар идомаи таҳқиқот дар бораи як парвандаи амниятӣ , фарди дигареро, ки як шаҳрванди эронӣ аст, дар шимолу ғарби Лондон боздошт кардааст.
Дар баёнияи расмии мунташиршуда дар торнамои полиси Метрополитин омада, ки ин фарди 31 сола , субҳи рӯзи ҷумъа ( 9/ май 2025 ) дар яке аз манотиқи шимолу ғарбии Лондон ва дар чорчӯби таҳқиқоти полиси зиддитероризм боздошт шудааст.
Бар асоси баёнияи полиси Лондон , боздошти ин фард тибқи банди 27-и Қонуни амнияти миллии соли 2023 анҷом шуда ва вай ҳамакнӯн дар боздошт ба сар мебарад . Ин ниҳоди амниятӣ шанбеи гузашта ( 3 май ) се нафар дар синҳои 39 , 44 ва 55-ро низ дар ҷараёни ҳамин таҳқиқот боздошт карда буд .